Дар 23 ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 435 майдони хатарноки минаҳо

Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” таҳти раëсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ Ҳоким Холиқзода ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баргузор гардид. Ба таъкиди ӯ ҳар сол пас аз итмом расидани мавсими поксозии башардӯстонаи минаҳо ҷаласаи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар моҳи декабр бо мақсади баррасии ҳисоботи фаъолияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” (минбаъд Марказ), натиҷаҳои фаъолиятҳо доир ба поксозии башардӯстонаи зидди минаҳо дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор мегардад. Ба таъкиди муовини Сарвазири кишвар, дар асоси фармони Президенти кишвар аз 23 сентябри соли 1999 ва сиёсати башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2000 дар баробари 164 мамлакати дунё узви Конвенсияи СММ оид ба манъи истифода, захирасозӣ, истеҳсол ва таҳвили минаҳои зиддипиёдагард ва нобудсозии онҳо (минбаъд Конвенсия) мебошад.
Сипас дар ҷаласа Муҳаббат Иброҳимзода -директори Муассисаи давлатии “Маркази миллии Точикистон оид ба масъалаҳои минаҳо” оид ба фаъолияти ин муассиса ҳисобот манзур намуд. Номбурда аз ҷумла гуфт, ки аз соли 2004 сар карда, то охири ноябри соли 2024 дар 23 ноҳияи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 435 майдони хатарнок, ки масоҳати замини баробар ба 35,9 млн метри мурабаъ (ё бо ибораи дигар 3590 гектар) аз мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ тоза ва дар натиҷа 133 287 мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ пайдо ва нобуд карда шуд. Аз масоҳати дар боло зикргардида 361 майдон бо масоҳати 28, 16 млн метри мурабаъ ё бо ибораи дигар 2816 гектар замин барои истифодаи доимӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супорида шуд.
Дар давоми солҳои 2019-2024 дар натиҷаи гузаронидани тадқиқот 62 майдони хатарноки бо мина ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ олуда ҳамчун майдони нав бо масоҳати баробар ба 10, 8 млн метри мурабаъ барои поксозӣ ба қайд гирифта шуд. Айни замон, масоҳати замини баробар ба 12,4 млн метри мураббаъ ё бо ибораи дигар 1240 гектар бо минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ барои тоза кардан боқӣ мондааст

Тоҷиддин Сатторов

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE