Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус доир гардид

6 декабр бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  Фаррух Юсуфзода ва муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Беларус Владимир Наумович ҷаласаи дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласа бо ҷалби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сафирон ва бахши хусусӣ аз ҳарду ҷониб доир шуда, дар он иброз гардид, ки таъсиси механизми ин ҳамкорӣ босамар мебошад. Ҳадафи асосии он тақвияти робитаҳои иқтисодии мамлакат ва муаррифии фазои сармоягузории Тоҷикистон ба намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахшҳои хусусии Ҷумҳурии Беларус дониста мешавад.

Дар доираи вохӯрӣ масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодию сармоягузорӣ байни ҷонибҳо муаррифӣ ва муҳокима гардида, вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ иқдоми минбаъда баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин имконоти сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки ҷонибҳо ва лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ тариқи рӯнамо муаррифӣ шуданд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE