Дар шаҳри Риёз ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
19 декабр дар шаҳри Риёз мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Раиси Комиссияи ҳуқуқи инсони Арабистони Саудӣ доктор Ҳала Ат-Тувайҷирӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва табодули таҷриба дар ин самт баррасӣ шуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи ҳуқуқи инсони Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба имзо расид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ