Заминларзаҳои шадид дар Чин ва ҳолакати беш аз 126 нафар

Расонаҳои давлатии Чин хабар додаанд, ки бар асари заминларзаи шадид дар яке аз баландкӯҳҳои Тибет дасти кам 126 нафар ба ҳалокат расида, 188 нафар захмӣ шудаанд. Бар асари заминларза, ба гуфтаи онҳо, биноҳои зиёде фурӯ рехтаанд. Гуфта мешавад, ки ин заминларза шадидтарин дар панҷ соли охир дар ин минтақа мебошад. Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки то имрӯз пас аз заминларза беш аз 500 пасларза ба қайд гирифта шудааст. 

Маркази Шабакаи сейсмологии Чин (CENC) хабар додааст, ки заминларзаи 6,8 дараҷаӣ тақрибан соати 9 ба вақти маҳаллӣ дар минтақаи худмухтори Тибети Чин дар наздикии марз бо Непал рух додааст. Хадамоти геологии Иёлоти Муттаҳидаи амрико (USGC) аз заминларзаи 7,1 дараҷаӣ дар 177-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Шигатсе, ки яке аз муқаддастарин шаҳрҳои Тибет маҳсуб мешавад, хабар додааст. Заминларза дар пойтахти Непал Катманду ва бахшҳои Ҳиндустон низ эҳсос шудааст. “Дар музофоти Тингри ва манотиқи атрофи он заминларзаи хеле шадид рух дода, бисёре аз биноҳо дар наздикии маркази заминларза фурӯ рехтаанд”, – хабар медиҳад телевизиони давлатии CCTV. Тасвирҳо аз ҷои ҳодиса хонаҳои харобшуда ва харобаҳои дар ҳама ҷо парокандашударо нишон медиҳанд. Дар минтақаи офати табиӣ интиқоли нерӯи барқ ​​ва об қатъ шудааст. Расонаҳои Чин хабар додаанд, ки мақомоти маҳаллӣ барои арзёбии паёмадҳои заминларза манотиқи аҳолинишини ин вилоятро тафтиш мекунанд. Ҳавошиносон иттилоъ додаанд, ки ҳарорат дар Тингри тақрибан -8 дараҷа сард аст ва шомигоҳон то -18 дараҷа поин хоҳад рафт, аммо гурӯҳҳои наҷотдиҳанда ният доранд, ки корро идома диҳанд. Дар минтақаи баландкуҳ қариб 62 хазор нафар зиндагй мекунанд. Маркази Шабакаи сейсмологии Чин гуфтааст, ки заминларзаҳо зуд-зуд дар минтақа рух медиҳанд, аммо зилзилаи охирин дар панҷ сол пурқувваттарин будааст. Дар соли 2015 заминларзаи 7,8 дараҷаӣ дар наздикии Катманду, пойтахти Непал рух дода буд, ки ҳудуди 9 ҳазор нафар қурбон шудаву беш аз 20 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.  Маркази сейсмологии Чин рӯзи чаҳоршанбе хабар дод, ки зилзилашиносон пас аз заминларзаи 6,8 дараҷаӣ дар ҷанубу ғарби вилояти мухтори Тибети Чин 515 пасларзаро сабт карданд. “То соати 8.00 субҳи 8 январ дар маҷмӯъ 515 зилзила, аз ҷумла 488 пасларза бо шиддати пастар аз 3,0 дараҷа ва боқимонда зиёда аз 3 балро ташкил намуданд. Қувваи 4,4 дараҷа дар масофаи тақрибан 18 километр аз маркази заминларзаи асосӣ ба қайд гирифта шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳороти марказ. Дар робита ба ин офати табиӣ роҳбарияти як қатор кишварҳо ва созмонҳои байналмиллалӣ ба президенти Чин ва мардуми он ҳамдардии амиқ баён кардаанд.

Мижгонаи Насриддин

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE