Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон

Баррасии маҷмуи васеи масоили вобаста ба таҳкиму густариши робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён оғоз ёфта, дар музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои ду ҷониб дар Қасри миллат идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро самимона хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки “мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд”.

Таъкид гардид, ки “нақши муассири ин муштаракот дар таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ миёни ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамкеш ва бародари мо сол ба сол бештар эҳсос мегардад”.

Аз сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Зимни музокирот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорию гардишгарӣ, амният, илму фарҳанг, тандурустӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолењи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз зарфиятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои Чобаҳор ва Бандар-Аббос ба нафъи ҳарду ҷониб номида шуд.

Зикр гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон  160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу коло нисбат ба ду соли пеш 3,2  баробар афзоиш ёфт.

Фаъолгардонии бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, кори мунтазами Шуро ва Кумитаи муштараки соҳибкориву сармоягузорӣ, татбиқи ҳамаҷонибаи Барномаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ то соли 2030 ва Нақшаи роҳи он муҳим дониста шуд.

Ба зарурати густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Тавсеаи минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ ангезаи муҳимми қаробату наздикии бештари ду ҷониб арзёбӣ карда шуд.

Ду ҷониб таҳкиму тавсеаи робитаҳои илмиву фарҳангиро муҳим дониста,  алоқамандии худро ба роҳандозии иқдомҳои муштарак ҷиҳати ҳифзи арзишҳо ва мероси муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ иброз доштанд.

Табодули андешаҳо, ҳамчунин, атрофи мавзӯъҳои гуногуни ҳамкорӣ доир ба масоили минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯст ҷараён гирифт. Дар ин робита зарурати ҳамкории ҳамоҳанг дар минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберӣ таъкид карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE