Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаи обу энергетика дар Тошканд баррасӣ шуд

Масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва об дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини Вазири энергетикаи Қазоқистон Сумгат Есимханов дар Тошканд қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Мусоҳибон ба масъалаи ҷараёни байнидавлатии интиқоли неруи барқ, истифодаи самараноки имконияти техникии мавҷуда ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар идоракунии ин равандҳо таваҷҷуҳи махсус доданд.

Ҳамзамон доир ба иҷрои уҳдадориҳои мавҷуда дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида, бахусус дар соҳаи тақсимоти захираҳои об ва таъмини истифодаи самараноки он табодули назар карда шуд.

Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши муносибатҳои стратегӣ ва амалисозии ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE