Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ
Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Зимни нишаст зикр гардид, ки соли 2024 барои Тоҷикистони азизи мо соли таърихӣ, соли дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, илмӣ, соли таҳкиму густариши равобити байналмилалӣ ва рушди соҳаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ буд.
Боиси хушҳолӣ аст, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва донишгоҳӣ иштироки фаъол доштанд. Ҳамчунин, дар ин давра Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун яке аз муассисаҳои олии таълимии калидӣ дар кишвар, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва барои рушди минбаъда нақшаву барномаҳои муассир пешбинӣ шудаанд. Дар давраи ҳисоботи тавассути шуъбаи умуми 4859 ҳуҷҷат ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Ҳамзамон, дар ҷаласаҳои Шурои олимон ва раёсати донишгоҳ масъалаҳои меҳварии фаъолияти донишгоҳ мавриди муҳокима қарор дода шуда, дар 13 ҷаласа аз рӯйи 129 масъала қарор қабул карда шудааст.
Дар доираи густариши табодули таҷрибаи донишҷўён ва устодону кормандони донишгоҳ дар хориҷи кишвар ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ соли 2024 52 нафар донишҷўён ва зиёда аз 60 нафар устодону кормандони донишгоҳ дар давлатҳои мухталифи пешрафтаи хориҷӣ табодули таҷриба намуда, дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд, ки нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба соли гузашта зиёд аст.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе