Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 3 миллион бех ниҳол шинондааст

Нишасти матбуотӣ дар  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти ин ниҳод баргузор гардид.

Баҳодур Шерализода раиси кумитаи мазкур ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки  тибқи маълумоти расмии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар ҷумҳурӣ аз 2 418 696 бех ниҳолҳои  дарахтони ба нақшагирифташуда, 3 139 504 бех ниҳол шинонида шудааст, ки 129 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Кумита барои рушди соҳаи обуҳавошиносӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар ин соҳа имрӯз 53 адад стансияҳои ҳавосанҷии мануалӣ ва 87 адад дидбонгоҳҳои обченкунӣ фаъол мебошанд. Дар соли 2024 366 пешгӯиҳои аз 1 то 3 шабонарӯзӣ ва 28 пешгӯиҳои 6 шабонарӯзӣ тартиб дода шуд,ки дурустии миёнаи онҳо ба 93,8 расида, нисбат ба соли гузашта баландтар шудааст – иттилоъ дода шуд,  дар нишасти хабари имрӯза.

Нигинаи Давронзод

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE