Ташкили курсҳои омӯзишии ройгон дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст

Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Айни ҳол дар донишгоҳ  19 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил менамоянд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон  ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  мебошанд. Донишҷуён бештар дар ихтисоси иқтисодӣ ва  молия ва қарз  таҳсил мекунанд.  Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Назарзода Хайрулло Холназар зимни нишасти матбуотӣ ба журналистон иттилоъ  дод.

Дар донишгоҳ  курсҳои омӯзишии “Кадбону”, гулдӯзии “Чакан”, ” Пешхизматҳо” ва “Дӯзандагӣ ” ба тариқи ройгон ташкил карда шудааст.

Ҷамшед  Мушокиров муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ  зикр намуд, ки қариб ҳама донишҷӯёни курси 4 дар соҳаи худ кор ва фаъолият мекунанд ва имсол дар донишгоҳи мазкур нақшаи қабул 96,6 фоиз иҷро шудааст.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE