IRS: Пайомадҳои тарма дар роҳи Душанбе-Чанок бартараф шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст
Тавре қаблан хабар додем, дар километри 78-уми роҳи Душанбе-Чанок оқибатҳои тарма, ки 60 метр паҳноӣ ва 8 метр баландӣ дошт, рафъ гардида, ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт барқарор карда шуд. Дар ин хусус аз Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
14 тармае, ки имрӯз фаромада буд, аз ҷониби кормандони ширкат пурра тоза гардид. Тарма дар километрҳои 67, 73, 78, 79-уми роҳи Душанбе-Чанок фаромада, дар муддати кӯтоҳ бартараф гардид.
Иттилоъ медиҳем, ки бориши барф дар масири Душанбе- Чанок идома дошта, новобаста аз ин кормандон кӯшиш доранд, ки ҳаракати муназзаму бехатари нақлиёт тавассути он таъмин бошад. Бо ин мақсад ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намуда, роҳро доимӣ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағзиш коркард мекунанд.