Бар асари боронҳои пуршиддат дар якчанд минтақаи Тоҷикистон сел омад
Дар натиҷаи боронҳои шадид дар якчанд ноҳияҳои Тоҷикистон сел омад, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
23 май, соати 19:48 дар деҳаи Варваи Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат сел ба амал омад, ки дар натиҷа 3 хона зери об монд ва ба 10 қитъаи наздиҳавлигии сокинон зарар расид. Дар ҷои ҳодиса Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат кор бурда истодааст.
«Кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита барои расонидани кумаки амалӣ ба макони ҳодиса рафтанд. Ба шаҳрвандони зарардида кумак дар шакли маҷмуи воситаҳои маишӣ ва беҳдоштӣ расонида шуд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин рӯз, соати 20:30 сел дар километрҳои 5-8 ва 9-ум роҳи мошингарди «Нуробод-Сангвор»-ро баст.
Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти мамлакат ҷалб карда шудааст. Талафоти ҷонӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки то 26 май дар Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тарма, сел, ярч, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанбор боқӣ мемонад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон