Миср: писарбача ҳангоми омӯзиши дарси ронандагӣ кӯдакро зер карда, ба ҳалокат расонд
Додситонии кулли Миср шоми гузашта гуфт, дар шимоли Миср як кӯдаки 11 – сола, ки дарси ронандагӣ меомӯхт, рӯзи 7 – уми феврал, ҳангоми тамрин кӯдаки ҳафтсолаеро бо мошин зер кардааст, ки ӯ шаби гузашта дар беморхона ба ҳалокат расид. Вобаста ба ин қазия, падари писарбачаи омили ин садама боздошт шуд.
Тибқи гузориши хадамотии матбуотии ин ниҳод, кӯдаки пас аз садама дар беморхонаи шаҳри Ширбин бистарӣ шуд, вале шаби гузашта ҳангоми ташхисҳои табибон дар ин маркази саломатӣ ҷон дод. Падари марҳум ва ду шоҳиди дигар ба маъмурони полис хабар доданд, ки кӯдакро мошине зад, ки кӯдаки дигар ӯро идора мекард.
“Додситони кулл кӯдаки 11 – солаи омили садамаро бозпурсӣ кард. ӯ Ӯ иқрор шуд, ки дарси ронандагӣ меомӯхт ва мошинро бидуни ҳузури падараш идора мекард. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ кӯдакеро зер кард, ки оқибат ӯро ба марг оварда расонид”, – менависад “Известия” дар такя ба расонаҳои маҳаллӣ. Ӯ ба додситонӣ гуфт, ронандагиро падараш ба ӯ таълим додааст ва давоми як ҳафтаи пеш аз ҳодиса худаш мустақилонамашқи ронандагӣ мекард, вале чунин иттифоқро интизор набуд.
Вале баёноти падараш баръакси гуфтаҳои ин писар аст ва ӯ гунаҳкор будани писарашро дар ин қазия рад мекунад. Маъмурони полис падарро чор шабонарӯз боздошт карданд ва мошини ҳомили садама низ дар боздоштгоҳ қарор дорад.
Ҳамин тавр, давоми соли 2020 ин чорумин садамаест, ки сабабгори онҳо кӯдаконанд. Моҳи июни соли 2020 як зан дар наздикии Маркази савдои “Қоҳира” дар натиҷаи зарбаи мошини наврасе ба ҳалокат расид. Инчунин, моҳи майи соли 2020 дар шаҳри Ассиут чаҳор наврас аз ҷониби ҳамсоли худ дучори садама шуданд, ки баъдан ба марги онҳо анҷомид.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”