Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар мавзеи «Кӯли ҷавонон» ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд
Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи сокинони маҳал, аз ҷумла шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Варзоб дар мавзеи «Кӯли Душанбе», воқеъ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Варзоб ҳашари дастҷамъонаи нарм кардани бехи ниҳолҳои дарахтон гузаронида шуд. Дар ин хусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи асосии ин иқдом — нигоҳубини ниҳолҳои шинонида ва беҳтар кардани шароити сабзишу нашъунамои онҳо мебошад. Зимни ҳашари дастҷамъона бехи ниҳолҳо нарм карда шуда, нуриҳои маъданӣ пошида шуданд, ки ба таъмини беҳтари об ва ғизо ба решаҳои ниҳоли дарахтон ва нашъунамои онҳо мусоидат менамояд.
Чунин ташаббусҳо дар самти ободонӣ ва сабзгардонии муҳити зист дар доираи татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунӣ ба раванди пешгирӣ аз меъёри бесобиқаи гармшавии иқлим мусоидат менамояд.
Ҳашарҳои экологии ҷамъиятӣ минбаъд низ дар мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ идома меёбанд, то барои насли имрӯзу фардо муҳити зисти тозаю солим таъмин карда шавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон