Посухи СУТ дар бораи тавлидгоҳи КОВИД – 19
Коронавирус ба дунё аз лабораторияи Ухан паҳн нашудааст. Дар ин бора изҳороти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба табъ расид.
Гурӯҳи байналмилалии олимон аз СҶТ, ки барои омӯзиши аз куҷо сар задани пандемияи коронавирус чанд ҳафта дар Чин қарор доштанд, ба чунин хулоса омаданд, ки коронавирус ба дунё аз лабораторияи Ухан паҳн нашудааст.
Таҳқиқотҳои охирин нишон доданд, ки он аз лаборатория ихроҷ нашудааст. Мутахассисони СҶТ муътақиданд, ки ин вирус ба инсон аз ҳайвон гузашт, вале онҳо то ҳанӯз намедонанд, ки аввалин паҳнкунандаи вирус кадом ҳайвон буд.
Баъзе аз коршиносони ин ниҳоди байналмилалӣ мепиндоранд, ки COVID – 19 аз хӯрокҳои яхкардашуда паҳн шудааст. Алҳол гурӯҳи СҶТ якҷо бо мутахассисони чинӣ бозори Хуанан дар Уханро, ки нахустин ҳолатҳои сироятёбии одамон дар он ҷо ба қайд гирифта шуд, амиқан меомӯзанд.
Мирсаид САТТОРИЁН,
“Садои Душанбе”