Кумитаи кор бо занон ва оила таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» конференсия доир менамояд
20 июн бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ваҳдат –мароми модарон» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад. Дар ин хусусаз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар конференсия намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аҳли илму фарҳанг, донишмандон ва коршиносон иштирок карда, дар мавзуи нақши занон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, саҳми назарраси онҳо дар рушди мамлакат маъруза менамоянд.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ 27 июни соли 2024 иброз доштанд: «ҳар қавму миллате, ки иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдилиро шиори худ кардааст, аз миёни обу оташи таърих бо сарбаландӣ гузашта, ба саодати воқеӣ расидааст ва баръакс, ҳар халқе, ки ихтилофу ҷудоӣ ва ҷангу нифоқро пеш гирифтааст, ба номаи тақдири хеш муҳри бадбахтиву нокомӣ задааст.Ин воқеиятро ҳофизаи таърихӣ борҳо собит намудааст».
«Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд амиқан дарк намоем, ки азамату қудрат ва тавоноии миллат ва давлат бо устувориву пойдории мавҷудияти ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил пайванди ногусастанӣ дорад», — хотиррасон намуданд Пешвои миллат.