Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд

12-13 декабр дар шаҳри Панҷакент Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор шуд, ки дар он маросими тақдими Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ ба шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, президенти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Қаддуми дар вазъияти тантанавӣ ба раиси шаҳри Панҷакент Шаҳдатномаи узвияти шаҳри Панҷакентро ба феҳристи Шаҳрҳои байналмилалии ҳунармандӣ тақдим намуд. Шаҳри Панҷакент расман шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ эътироф гардид.

Дар фестивал иброз гардид, ки ҳунари сӯзанидӯзӣ дар ин шаҳри бостонӣ аз аҳди қадим, аз нақшҳо дар рӯи сафолу фулузот ва деворнигораҳо ибтидо гирифтааст. Давоми асрҳо анъанаи нақшпартоӣ ва дӯхтани сӯзанӣ идома ёфта, бо эътирофи Панҷакент чун Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ оид ба сӯзанӣ барои ҷаҳониён чун ҳунари асили миллати тоҷик муаррифӣ карда мешавад. Забони нақшҳои сӯзанӣ ба ҳама мардуми олам фаҳмо буда, барои имрӯзиён таърихро бозгӯӣ менамояд.

Ҳоло дар Панҷакент беш аз 2500 нафар занон ба дӯхтани сӯзанӣ машғул ҳастанд.

Дар доираи фестивал иштирокчиён бо намоишгоҳи намунаи ҳунарҳои мардумии косибони дигар давлатҳо шинос шуданд.

Дар растаҳои намунаи ҳунари мардумӣ намунаи ҳунарҳои мардумии минтақаҳои Тоҷикистон, ҳунармандони Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Туркия, Озарбойҷон, Булғористон ва дигар давлатҳо ба намоиш гузошта шуд.

Ба меҳмонон ва тамошобинон намунаи маснуоти кулолӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, муҳрабофӣ, читгарӣ, қолинбофӣ, ороишоти миллӣ, рассомӣ, кундал, асбоби мусиқӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ ва сабадбофии ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ писанд омад.

Ҳунармандон, ки бо намунаи ҳунарҳои ҳамдигар шинос шуданд, ташкили чунин чорабиниҳоро барои рушди ҳамкорӣ, истифода аз таҷрибаи ҳамкасбон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, васеъ намудани бозори маҳсулоти ҳунармандӣ ва дӯстии байни миллатҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE