Дар қароргоҳи ЮНЕСКО барномаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бавижа бо ибтикори сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба муносибати гиромидошти 700-солагии шоири забардасти тоҷику форс Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ имрӯзҳо силсилаи ҳамоишҳои илмию фарҳангӣ ва барномаҳои рангини ҳунарӣ идома доранд. Аз ҷумлаи ин барномаҳо рӯзи 11 июн Намоишгоҳи дастхатҳои Ҳофизи Шерозӣ, Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз”, консерти ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Ф. Шаҳобов дар толорҳои гуногуни қароргоҳи ЮНЕСКО баргузор шуданд. Намоишгоҳ ва конференсияи илмиро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳамроҳи муовинҳои Дабири кулли ЮНЕСКО бо суханрониҳои фарогир ифтитоҳ карданд. Дар ҳамоиши илмӣ ва барномаҳои фарҳангии Тоҷикистон садҳо нафар намояндагони кишварҳои гуногун ҷамъ омада, ба илму адаби волои тоҷикон аҳсану офарин хонданд ва ба маҳорату ҳунари шашмақомсароён кафкӯбӣ карданд.

Ҳамчунин дар доираи ҷашни 50-солагии Барномаи байниҳукуматии гидрологӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок ва суханронӣ намуд. Рӯзи 12 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи байниҳукуматии ҳидрологии ЮНЕСКО ҷаласаи канорӣ таҳти унвони «Аз Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо то Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, барои солҳои 2025–2034» баргузор шуд. Дар ин нишасти илмӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ натиҷаҳои Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд ҳифзи пиряхҳоро, ки дар ш. Душанбе (29-31 май) арзёбӣ намуданд.

Рӯзҳои 13 ва 14 июн барномаҳои фарҳангӣ дар ҳошияи конференсияи  мазкур идома меёбанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE