Шоми имрӯз дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад

Шоми имрӯз, 31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ интизор аст. Баъди тамошои барномаи ҷолибу диданӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE