Сафири Тоҷикистон бо директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Забӣ мулоқот намуд
16 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб Ашарфҷон Гулов бо Директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Забӣ Муҳаммад Солеҳ Ал-Ҷазирӣ мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо бар зарурати таҳкими шарикӣ дар бахши сайёҳӣ байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва Аморот дар чаҳорчӯби санадҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Мусоҳибое ба мақсади афзоиши теъдоди сайёҳон ба мамлакатҳои ҳамдигар танзими вохӯриҳои машваратӣ байни намояндагони мақомоти дахлдор, ширкатҳои сайёҳию ҳавопаймоӣ, ташкили брифинг ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷомеаи аморотиро муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Араб