Тоҷикистон расман мақоми нозириро дар Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд соҳиб шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон расман мақоми нозириро дар Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд (MCDF) ба даст овард. Ин  барои мамлакат қадами муҳим ва эътирофи нақши Тоҷикистон дар раванди ҳамкории бисёрҷониба ва заминаи устувор барои тақвияти ҳамкории оянда мебошад. Дар ин хусус имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин зимни вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари Маркази бисёрҷонибаи ҳамкории маблағгузории рушд (MCDF)  Жонгжинг Ванг доир шуд, иттилоъ доданд.

Тавре аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнокро дар самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, нақлиёт, рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани иқтидори институтсионалиро муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ мусоҳибон  омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиати рушди устувори Тоҷикистон таъкид намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE