Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо ятимон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд суҳбати самимӣ анҷом доданд

26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бо 100 нафар ятиму шахсони дорои имконияти маҳдуди то 18-солаи ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим ва Роштқалаъа суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятмон аз ҷониби Пешвои миллат ба 100 наврас маҷмуи сару либос, маводи конселярӣ, ширинӣ ва дигар ҳадяҳо тақдим карда шуд.

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон ва нафарони дорои имконияти маҳдуд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамеша ба онҳо кӯмакҳои моддию маънавӣ расонда мешавад.

Марҳила ба марҳила таҳким бахшидани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбияи онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории давлату Ҳукумати кишвар қарор дода мешаванд, то ин ки дар оянда ҳамчун шахсони комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.

Аз чеҳраи ҳар як кудак баръало эҳсос мегардид, ки суҳбату вохӯрии имрӯзаро бесаброна интизор буданд, зеро ба андешаи онҳо суханҳои падаронаи Сарвари давлат ба зиндагии онҳо умеди тоза мебахшад.

Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа наздики 40 ятим ва нафарони дорои имконияти маҳдуд ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо таҳти таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Дар ноҳияи Роштқалъа барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо 1 мактаб-интернати наздимактабӣ мавҷуд буда, дар он ятимону маъюбон ва аз оилаҳои камбизоат нигоҳубин ва ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Бунёду навсозии мактаб-интернатҳо ва фароҳам овардани шароити замонавии зисту таҳсил барои ятимону бепарасторон намунаи олии дастгириҳои доимии роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар дониста мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ин қишри ҷомеа барои аз худ намудани илмҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо, ки дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардиданд, муҳим маънидод намуда, ба масъулон дар самти дуруст ба камол расондани онҳо дастуру тавсияҳо доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE