50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор наздик ба 50 километр роҳи Ҷамоати деҳоти Ҳисор то Ҷамоати деҳоти Ориён, дидбонгоҳи сарҳадии «Гулистон», ки бо Ҷумҳурии Узбекистон мепайвандад, таъмиру навсозӣ мегардад. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Бо ин мақсад 1 июл роҳбари зергурӯҳи кории ҷашни 35-солагии Истиқлолият дар шаҳри Ҳисор дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо роҳсозон мулоқот карда, масъалаи бо сифати баланд иҷро намудани корро баррасӣ намуд.
Айни замон мошину техникаҳои роҳсозӣ ва кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр ба ин минтақа сафарбар гардида, ба кори таъмири роҳ шуруъ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор