Роғун: насби 10 адад таҷҳизоти фиристандаи мавҷи радиоӣ дар деҳаҳо дар назар аст
Дар асоси супориши Ҳукумати кишвар имрӯз дар ҳудуди шаҳри Роғун беш аз 30 нуқтаи радиошунавонӣ насб гардидааст, ки бо пахши мавҷи радиоҳои давлатӣ мардум ба худ иттилоъ ва ғиззои маънавӣ мегиранд.
Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун накша доранд соли ҷорӣ дар асоси дархости сокинони чанд деҳоти дурдаст дар ин маконҳо низ таҷҳизоти фиристандаи мавҷи радиоро фаъол намоянд.
Таъмини нуқтаҳои радиошунавонӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастурҳои Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат дар самти иттиоотонии ҷомеа бо навигариҳои кишвар ва тарғиби сиёсати давлатӣ мебошад, ки дар ин замина дар шаҳри Роғун корҳои амалӣ ба анҷом расонида шудааст.
Абдулмумин Худойдодов, мудири шуъбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раси шаҳри Рогун мегӯяд, дар баробари маркази шаҳр ин рӯзҳо сокинони дигар шаҳраку маҳалла ва деҳоти дурдаст низ аз пахши барномаҳои радиоӣ тавассути чунин нуқтаҳо бархӯрдоранд. “Пахши иттилои дақику боэътимод тавассути чунин нуқтаҳои радиошунавонӣ дар маҳаллаҳо аз ҷониби сокинони мамлакат ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, шаҳрвандон дар баробари ба коре машгул шудан, ба худ ғизои маънавӣ мегиранд”, – мегӯяд ин масъули МИҲД – и шаҳр.
Ба гуфтаи номбурда, масъулияти ин нуқтаҳои радиошунавонӣ дар баробари шуъбаи алоқа ба дӯши Бахши фарҳанги мақомоти маҳаллӣ вогузор буда, коршоямии ин таҷҳизоти пахши барномаҳои радиоӣ пайваста назорат карда мешавад.
Намояндаи мақомоти маҳаллӣ дар ин самт илова кард, ки дастрасӣ ба мавҷи радиоҳои давлатӣ аз мушкилоти сокинони минтақаи кӯҳистони шаҳри Роғун будааст. Соли ҷорӣ Бахши фарҳанги шаҳр тасмим гирифтааст, ки дар асоси дархости сокинон беш аз 10 адад чунин таҷҳизоти радиошунавониро дар ҳудуди деҳот насб намояд. Дар ҳоле, ки дастрасӣ ба иттилои дақиқ аз масоили рӯзмараи ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мешавад, пахши радиоҳои давлатӣ дар ҳудуди кишвар метавонад дар баробари пурра намудани фазои иттилоотӣ, сокинонро аз рӯйдодҳои навин пайваста воқиф намояд.
Тоҷиддин САТТОРОВ,
“Садои Душанбе”