Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд

9 июл Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.

Зимни мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноат, роҳу нақлиёт, илму маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва иқтидори бузурги кишварҳоро дар соҳаҳои мавриди назар таъкид карда, ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Сарвазири мамлакат тақвияти ҳамкориро дар соҳаи туризм махсус таъкид намуда, баён дошт, ки дар ин самт заминаҳои  зарурӣ фароҳам аст.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузург буда, созишномаи дар доираи сафари навбатӣ баимзорасида рушди ин ҳамкориро таъмин хоҳад кард.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки санадҳои нави баимзорасида марҳилаи нави рушдро байни кишварҳо таъмин хоҳад кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE