С.ЯТИМОВ: ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ СУЛҲ ДАР АФҒОНИСТОН БОҚӢ МЕМОНАД
Тоҷикистон ҷонибдори таъмини суботу амният дар Афғонистон буда, муҳимияти онро барои ҳарду кишвар ва минтақа доимо таъкид медорад. Ниҳоӣ шудани гуфтушунидҳои тарафҳои даргир, хотимаи ҷанг дар Афғонистон ва пешгирӣ аз фаъолияти мақсаднок ва номатлуби доираҳои манфиатдор бо истифода аз гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ, аз омилҳои муҳимтарини таъмини амният маҳсуб мегарданд. Дар ин бора Саймумин Ятимов раиси КДАМ ҶТ зимни мулоқотҳои худ бо роҳбарони ҶИАфғонистон, аз ҷумла бо Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллӣ Абдуллоҳи Абдулло, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ин кишвар доир намуда буд, иброз доштааст. Ҷонибҳо мувофиқати комили мавқеи ҳамдигарро дар масъалаҳои матраҳшуда изҳор дошта, таъкид сохтаанд, ки ду мамлакати дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг омодаанд, ҳамгироӣ ва муносибатҳои ҳасанаро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва алалхусус, амниятӣ боз ҳам тақвият ва тавсеа бахшида, ба ин васила ба сулҳу субот ва оромию осудагӣ дар минтақа мусоидат намоянд.
Ҳамчунин С. Ятимов дар Конфронси байналмилалӣ зери унвони «Мубориза бо терроризм ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ барои рафъи таҳдидҳои террористӣ», ки шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доир шуд, бо маъруза баромад карда, масъалаҳаи мубрами таъмини сулҳ дар Афғонистон, ҳузури густурдаи созмонҳои террористии байналхалқӣ, таҳдиди онҳо ба кишварҳои минтақа, омилҳои солимгардони вазъро дар сарзамини ҷафокашидаи ҳамсоя ва сарҳадот мавриди муҳокима қарор додааст.
ЗОИРИЁН БАХТИЁР
САДОИ ДУШАНБЕ