Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Аз 1 август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2025-2026 оғоз мегардад, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад. Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.
Тибқи Низомномаи намунавии Вазорати маориф ва илми мамлакат, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои ба синфи якум қабул намудани хонандагон ҳуҷҷатҳои зерин: варақаи шахсии хонанда, ду дона расми се ба чор, аризаи волидайн оид ба қабул, шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, ҳуҷҷати тиббӣ, ду нусхагӣ шиносномаи волидайн, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маълумотнома аз ҷой зист талаб карда мешавад.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», банди 7 ва 38 Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад
Дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз масъулин расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварии Сарраёсати маорифи шаҳр: 2213092 пешниҳод намоянд.