НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Шуруъ аз 21 июл дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд.
Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 21 июл оғоз шуда, 8 август ба анҷом мерасанд.
Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идора баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.