Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соли таҳсили сипаришуда 25 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ карданд

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод моҳи марти соли равон бори нахуст дар таърихи худ ҳимояи ошкорои рисолаи таҳқиқотӣ барои дарёфти дараҷаи илмии баланди доктори илмҳои иқтисодиро дар Шӯрои диссертатсионии назди ДДМИТ баргузор намуд. Дар ин бора ректори донишгоҳи мазкур Ҳакимбек Абдуалимзода зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Ба иттилои номбурда, дар соли таҳсили сипаришуда 25 нафар рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро дифоъ карданд.

Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE