Тақвияти шарикии миллӣ ва байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон
Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар доираи Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо хариду фурӯши инсон 30 июл ҷашн гирифта мешавад, ҳамоиши минтақавӣ дар мавзӯи «Тақвияти шарикии миллӣ ва байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон» оғоз гардид.
Дар ҳамоиши минтақавӣ мансабдорони калидӣ масъули тадбирҳои миллии мубориза бо қочоқи инсон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин коршиносони асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва донорҳое, ки ташаббусҳои зидди қочоқи инсонро дар минтақа амалӣ ва дастгирӣ мекунанд, ширкат намуданд.
Иштирокдорон ҳамкориҳои дар мубориза бо қочоқи инсон дар Осиёи Марказиро барассӣ намуда, дар бораи таҷрибаи пешқадам ва равишҳои инноватсионӣ, аз ҷумла дар хариду фурӯши одамон ва хотима додан ба истисмор» -и инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Интизор меравад, ки ҳамоиши минтақавӣ ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар мубориза бо хариду фурӯши одамон мусоидат кунад.
Т.Сатторов
Садои Душабе