Пагоҳ дар Душанбе намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашр баргузор мегардад
Пагоҳ, соати 10:00 дар назди Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба муносибати Рӯзи китоб намоиш-фурӯши калони китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассиса ва тамоми дӯстдорони каломи бадеъ метавонанд китобҳои тозанашрро дастрас намоянд.
Ҳадафи баргузории намоиш-фурӯш тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ, баланд бардоштани завқи маънавӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги мутолиа мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 18 сол қабл, 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимият ва гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ хишти аввали Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуд. Ин рӯз- 4 сентябр минбаъд дар мамлакат Рӯзи китоб эълон гардид.