Тадбири муҳим ҷиҳати беҳтарсозии суръати интернет ва дигар хизматрасониҳои соҳаи алоқа
Ҳайати намояндагони ВАО зимни сафари эҷодию сайёҳӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рафти насби симчубҳо барои кашидани хатти нахи нурӣ ба самти Ҷумҳурии Мардумии Чин шинос гардида, бо масъулин суҳбат анҷом доданд.
Насби симчубҳо ва пайвастсозии хатти нахи нурӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз идома дорад. Тавре масъулин шарҳ доданд, бо вуҷуди ҷуғрофияи мураккаби кӯҳистонии ВМКБ бидуни таъхир корҳои техникӣ ва сохтмонӣ ҷараён дорад. Кашидани хатти нахи нурӣ то марзи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма” сурат мегирад.
Тарҳи мазкур бо сармоягузории Оператори пешбари миллии алоқаи Тоҷикистон «Тоҷиктелеком» татбиқ гардида истодааст. Тибқи лоиҳа дар марҳилаи аввал то ноҳияи Дарвоз дар масофаи 182 киллометр симчубҳои алоҳида насб гардида, дар қитъаҳои дигар ба воситаи симчубҳои неруи барқ хатти нахи нурӣ кашида мешавад.
Марҳилаи дуюм аз аввали соли 2026 шуруъ шуда, дар назар аст, ки то охири сол ба сарҳади Тоҷикистону Чин расонида мешавад.
Ҳадафи он пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Пайвастшавии мустақими шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳаввулоти муҳиммеро барои паст намудани арзиш ва баланд бурдани суръати интернет дар кишвар ба вуҷуд меорад. Махсусан ба операторони алоқаи барқии фаъол дар Бадахшон имкон медиҳад, ки инфросохтори худро дар ҳудуди вилоят комил сохта, интернети баландсуръат ба муштариён пешниҳод намоянд.
Дар баробари ин, тарҳи мазкур барои дастрасии сокинон ва мақомоти давлатӣ ба интернети собити устувор ва бо арзиши паст, аҳамияти бузург дорад, ки ба ин воситаи татбиқи пурраи хизматрасониҳои онлайнӣ, ҳукумати электронӣ ва иқтисоди рақамӣ дар қаламрави ин вилоят комилан имконпазир мегардад. Аз тарафи дигар густариши интернети собит дар ВМКБ сарбории ширкатҳои мобилӣ кам карда, ба боло рафтани сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикри хос аст, ки ин амал боиси ташкили хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глабалии Интернет мегардад. Инчунин аҳамият ва потенсиали транзитии шабакаҳои телекоммуникатсионии кишварро боло бурда, бунбасти коммуникатсионии ҷумҳурӣ, ба хусус дар релефи ҷуғрофии мураккаби ВМКБ-ро, аз байн мебарад.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо мобилии Tсеll, О Mobile, МегаФон, ZET Mobile, Вавилон ва Анор аз 28-уми август то 1-уми сентябр сафари эҷодию сайёҳии намояндагони ВАО ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташкил карда шуд. Дар натиҷа рӯзноманигорон аз дастовардҳои соҳаи алоқа ва мавзеъҳои сайёҳиву таърихии ВМКБ дидан намуданд.