Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати вакилони Парлумони Аврупо мулоқот намуд

15 сентябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду давлат дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, рақамисозӣ, тандурустӣ, маориф ва сайёҳӣ зоҳир гардид.

Ҳарду ҷониб алоқамандии худро ба густариш додани ҳамкории судбахш таъкид доштанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE