ФЕСТИВАЛ-НАМОИШИ “ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ”
Ба диққати меҳмонону сокинони шаҳри Ҳисор мерасонем, ки дар доираи Симпозиуми байналмилалииилмӣ амалӣ, ки бо иштироки олимону мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Беларусия, Украина, Англия ва Канада 18 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, 19 сентябри соли равон дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и шаҳри Ҳисор ФЕСТИВАЛ НАМОИШИ “ГӮСФАНДИ ЗОТИ ҲИСОРӢ” дар назар дошта шудааст.
Дар Фестивал чорводорон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар беҳтарин зотҳои гӯсфанди ҳисориро ба намоиш мегузоранд ва дар доираи Фестивал, бо иштироки ҳунармандони маъруф чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор карда мешавад.
Макони баргузории Фестивал-намоиш: варзишгоҳи “Ҷавони”-и шаҳри Ҳисор
Оғози Фестивал-намоиш: соати 9:00
Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор