Нахустин бор дар Алмаато мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тоҷикӣ «Гуштингирӣ» баргузор гардид
11 июни 2023 дар Алмаато дар толори варзишии Маркази саломатии “Al-Farabi” – и шаҳри Алмаато, нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини тоҷикӣ «Гуштингирӣ» ба ифтихори 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.Дар ин бора саҳифаи расмии Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Алмаато хабар дода, зикр мекунад, ки ин мусобақа бо ташаббуси ин Консулгарӣ ва дастгирии роҳбарони Анҷумани фарҳангӣ-иҷтимоии иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон “Сомониён”, Маркази фарҳангии ҷамъияти тоҷикони вилояти Алмаато “Сафар” ва фаъолони диаспораи тоҷикон роҳандозӣ ва баргузор шудааст.Ба иттилои манбаъ, дар чорабинии мазкур беш аз 100 нафар меҳмонон, аз ҷумла аз Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон, роҳбарон ва фаъолони марказҳои фарҳангӣ, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва беш аз 28 нафар гуштингирони касбӣ аз Тоҷикистону Қазоқистон ширкат варзиданд.Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бо садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Қазоқистон ва саф кашидани паҳлавонон барои омодагии ба мусобиқот оғоз гардид.Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ бо медалу ифтихорномаҳо ва сертификатҳо пулӣ барои ҷойҳои якум, дувум ва сеюм бо маблағи 100 000, 50 000, 30 000 тенге мукофотонида шудаанд.