Ташрифи Раиси Парлумони Қирғизистон ба КВД «Шаҳри ҳушманд»

    15 сентябри соли 2025 Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, бо ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

    Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ карданд.

    Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологӣ ва инфрасохтории КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.

   Мақсади асосии вохӯрӣ табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳрӣ арзёбӣ гардид.

    Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои шарикӣ миёни муассисаҳои соҳавии ду кишвар изҳор намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди рақамиро таъкид карданд.

    Вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш баргузор гардида, бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда ба анҷом расид.
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE