Рӯнамоии китоби “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон”

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии антологияи “Адибони дунё дар васфи Тоҷикистон” баргузор гардид. Бояд гуфт ки муаллифи ғоя ва мураттиби китоби мазкур Абдуқаҳҳори Қосим, муҳаррири масъул мунаққиди варзидаи кишвар Мубашшир Акбарзод буда, он бо пешгуфтории раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Сайфулло Сафаров рӯйи чоп омадааст. Дар чорабинӣ Президенти Академияи милии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, шоирону адибон,  намояндагон аз  Ҳизби халқии демократии  Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд. Дар ин бора ҳамкорамон , Қурбоной Муқимова аз макони баргузории ҳамоиш иттилоъ меидҳад.Тибқи иттилои манбаъ  дар  маҷмӯаи мазкур  меҳрномаи адибони ҷаҳон дар васфи Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст ва ин меҳру муҳаббат самараи    сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкориҳои судманд бо адибони дунё мебошад.  Бино ба иттилои мураттиби маҷмӯаи мазкур Абдуқаҳҳори Қосим китоб бо дастгирии моддию маънавии муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ  ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 408 саҳифа ба нашр расида,  дар он осори назмиву насрӣ, мақолаҳои илмию оммавӣ ва хотироти 57 нафар эҷодкорон аз кишварҳои мухталифи дунё   ҷой дода шудаанд.

Қурбоной Муқимова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE