Дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои ИДМ баргузор гардид

Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2025,  дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баргузор гардид.

Ба иттилои ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода, дар кори ҷаласа роҳбарону намояндагони сохторҳои махсуси кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд. Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода ва ҳамоҳангсозии нақшаҳои огоҳсозии байнидавлатӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ изҳор доштанд: “Мо ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷоиба дар соҳаи пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда аҳамияти хоса медиҳем. Баргузории ҷаласа дар шаҳри Душанбе қадами навбатӣ дар роҳи таҳким бахшидани ҳамкориҳои миёни кишварҳои ИДМ мебошад”.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE