«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оғоз меёбад

«Иқтисоди сабз: имконияти имрӯз барои устувории фардо» — таҳти чунин унвон аз 14 то 16 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор мегардад.

Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ҳамчунин ба ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарони ширкатҳои сармоягузори бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ширкатҳои ҳавасманд барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ва минтақа, фароҳам овардани имконият барои рушди иқтисоди рақамӣ, таҳкими ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва дарёфти шарикони нав барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE