Душанбе: Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис ҷараён дорад

Шурӯъ аз 18 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии теннис — «Душанбе кап» ҷараён дорад, ки то 22 апрел идома меёбад. Ҳамчунин аз 23 апрел то 5 май Мусобиқаи байналмилалии теннис -«Душанбе опен» миёни наврасони то 14 — сола баргузор мешавад, хабар додааст Федератсияи тенниси Тоҷикистон.

Мусобиқаи байналмилалии теннис бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии теннис, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи тенниси Тоҷикистон баргузор шуда, дар он зиёда аз 128 варзишгар аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Русия, Беларус, Туркия, Эрон, Дания, ИМА, Исроил, Ҳиндустон, Фаронса, Малайзия, Белгия, Украина, Чин ва Олмон иштирок менамоянд.

Мусобиқаҳои мазкур дар кортҳои тобистонаи ҳудуди Варзишгоҳи марказӣ баргузор шуда, тамошои он ройгон аст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE