Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобчаҳои кӯдакона доир шуд
28 апрел дар саҳни ҳавлии Маҷмааи табъу нашри «Шарқи Озод» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол» намоиш-фурӯши китобҳои бачагона баргузор шуд.
Дар намоиш-фурӯш 100 номгӯй китобчаҳо, аз ҷумла «Заррофаяки себдӯст», «Бозии рустшавакон», «Ширинкома», «Чилпо», «Худписанд», «Чароғак», «Худписанд», «Гаҳворабандон», «Афсонаи об», «Баррача», «Гурбача», «Чӣ аз ҳама зӯртар», «Хӯрусаки тоҷбасар», «Афсонаи 6 ба 9», «Алвонча», «Гурбачаи танбалак», «Лолаи боми бобо», «Мӯрчаяки баднафс» ва ғайра бо нархи 50 фоиз арзон ба фурӯш гузошта шуданд.
Китобчаҳо бо сифати баланд ва ороиши зебо ба табъ расида, кӯдаконро ба олами афсонавӣ мебаранд. Зимни харидории китобчаҳо муаллифони он дар зер бо таманиёти нек соядаст гузоштанд.