Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро ифтитоҳ намуданд

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ, ки аз чор ошёна иборат аст, барои таҳсили 3420 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд карда шуд.

Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар идомаи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои омӯзгорону хонандагон ва сокинони ин маҳалла сохта ба истифода дода шуд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 ба номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номгузорӣ гардидааст.

Иншоот бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба зарфиятҳои муосир бо сифати баланд сохта шуда, 57 синфхона ва 24 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо бо технологияи пешрафта ва воситаҳои муосири илмомӯзӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Кабинетҳои фаннии химия, биология, физика, география, технологияи меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, инчунин синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ ва лингафонӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, ба ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон заминаи мусоид хоҳад гузошт.

Вобаста ба талаботи муосир муассиса дорои зиёда аз 46 компютери пайваст бо шабакаи байналмилалии интернет мебошад.

Озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона бо толори хониш ва синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо асбоби мусиқӣ барои васеъ гардидани ҷаҳонбинии муҳассилин пешбинӣ шудааст.

Сохтмони бинои мактаб соли 2024 оғоз гардида, он дар асоси лоиҳа мутобиқ ба талаботи муосир дар масоҳати 11 ҳазору 870 метри мураббаъ дар муддати кӯтоҳ бунёд карда шуд.

Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин муассисаи наву замонавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳибилм шудани насли наврасро амали шоиста унвон намуданд.

Дар муассисаи мазкур “Осорхонаи Пешвои миллат” таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин осорхона дар муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва миллати сарбаланди тоҷик мусоидат хоҳад кард.

Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар муассиса сохта шудааст, бевосита ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҷисман обу тоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад.

Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имконият медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро босамар гузаронда, ба варзиш машғул шаванд.

Муассисаи таълимӣ, ҳамчунин, дорои толори маҷлис бо 400 ҷойи нишаст ва ошхона барои 272 нафар мебошад.

Иншооти нави таълимӣ пурра бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин буда, гармии тамоми муассиса дар давраи сардиҳо таъмин карда мешавад. Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити хуб ба таълим фаро гирифта шаванд.

Атрофи муассиса сабзу хуррам гардонида шуда, дар он дарахтони ороишиву сояафкан ва гулу буттаҳои ороишию рангоранг шинонида шуда, ба ҳусни мактаб зебоии дигар зам намудааст. Ҳамзамон насби чароғҳои гуногун равшании ин маҳалро дар шабонгоҳ таъмин мекунад.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бинои ин боргоҳи маърифат аз лиҳози сохтмону меъморӣ ва фарогирии шумораи зиёди хонандагон ба таҳсил дар ноҳия камназир аст.

Бояд зикр кард, ки дар ноҳияи Данғара танҳо давоми як соли охир 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазор ҷои нишаст бо саҳми соҳибкорон бунёд карда шудааст.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро ба истифодаи самарабахш аз имконияти фароҳамшуда, омӯзиши илмҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва расидан ба қадри дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бунёди муассисаҳои нав, ворид намудани технологияи муосир барои омӯзиш ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ба таъмини имрӯзу фардои босаодати насли наврас равона карда шудааст. Аз ин лиҳоз хонандагонро ба хониши хубу аъло, илмомӯзӣ, соҳибкасбу забондон ва вориси шоистаи гузаштагони хеш шудан ҳидоят намуданд.

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Осорхонаи Пешвои миллат таъсис дода шудааст. Осорхона бо тарҳи муосир оро ёфта, дар он зиёда аз 100 экспонат аз зиндагию корномаи Пешвои миллат аз овони мактабӣ то давраи давлатдории Сарвари давлат ҳикоят мекунад.

Дар осорхонаи мазкур айёми мактабӣ, солҳои донишҷӯӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, раҳбарӣ дар хоҷагӣ ва даврони роҳбарии давлати Тоҷикистон бо расму мусаввараҳо оро дода шудааст.

Ҳадаф аз таъсиси осорхона пеш аз ҳама тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дар сатҳи хуб муаррифӣ намудани воқеияти зиндагию корнома ва ҷонбозию фидокориҳои Пешвои миллат ба насли наврас мебошад.

Осорхона дорои мудирият аст, ки метавонад ба хонандагону меҳмонон оид ба аҳамияти осорхона маълумоти дақиқ диҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE