Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Ашқобод шуданд

Шоми рӯзи 3 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашхобод шуданд.

Дар фурудгоҳи Ашқобод, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Туркманистон ва сафҳои горди фахрӣ ороста шуда буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Туркманистон самимона истиқбол гирифтанд.

Дар ҷаҳорчӯби барномаи сафари давлатӣ 4 август миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб мулоқоту музокироти расмии сатҳи олӣ ҷараён гирифта, масъалаҳои вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлӯи ду кишвар баррасӣ мегардад. Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.

Ин сафар идомаи мантиқии дидору мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишвар буда, интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба густариши бештари муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ бахшад. Ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар мебошад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE