Мулоқоти муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон

28 октябри соли 2025 дар ҳошияи Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сиби Ҷорҷ, баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бисёрҷониба ва дурнамои онҳоро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи сиёсӣ ва ҳамкории амалии судманд миёни ду кишвар таъкид карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин табодули афкор оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE