Дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад. Чунин иттилоъ дода шуд зимни Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025», ки 25 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави илму техника ворид гаштааст. Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳон ба таври бесобиқа рушд менамояд.
Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шудааст. Инчунин ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд. Ҳамзамон татбиқи ин Стратегия дар 100 муассисаи таълимии мамлакат оғоз гардидааст.
Мавриди тазаккур аст, ки соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари ташаббускор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳанӯз соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки аввалин санад дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Scale AI», «Mistral AI», «Perplexity AI», «Presight» ва Шурои технологияи пешрафтаи АМА (ATRC) ҳамкорӣ мекунад, ки лоиҳаҳои миллии зеҳни сунъиро дар амал татбиқ менамоянд. Айни замон дар шаҳри Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ амал мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 25 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд.

