Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси генералии ЮНЕСКО иштирок менамояд

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқанд иштирок менамояд. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рӯзи аввал, ҷаласа аз ҷониби Президенти иҷлоси 42-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО ифтитоҳ гардида, дар оғози он Мудири кулли ЮНЕСКО ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳайси мизбон суханронӣ намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки дар ҷаласаи мазкур ва чорабиниҳои канории он сарони давлату ҳукуматҳо ва дигар намояндагони кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд. Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО то 13 ноябр идома хоҳад ёфт.

 АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE