Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ Холид Аз-Зоҳир мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахши бонкию молиявӣ баррасӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

