Конференсияи 73-юми илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Конференсияи 73-юми илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Илм ва таҳсилот баҳри солимии миллат» баргузор шуд.
Конференсия дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими соҳаи тандурустӣ ва маориф ҷараён гирифта, ҳадафи он густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳкими робитаи илм бо амалия, ҷалби мутахассисони ҷавон ба пажӯҳишҳои илмӣ ва татбиқи дастовардҳои навини илмӣ дар амалияи тиб мебошад.
Дар кори конфронс олимон, устодони донишгоҳҳои тиббӣ, табибон, кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва муҳаққиқони ҷавон аз Тоҷикистон, ҳамчунин меҳмонон аз кишварҳои Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Швейтсария, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои мубрами рушди илми тиб, беҳтарсозии сифати таҳсилоти тиббӣ, тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланд ва татбиқи технологияҳои муосири тиббӣ баррасӣ гардиданд.
Шукрона Насриддинзода Садои Душанбе


 
							 
							 
							