Муҳити солим – қарзи шаҳрвандии мост
Имрӯз дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.Зимни он Назирзода Абдуқодир Сабзаалӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе, ба сухан баромада иброз дошт, ки санаи 6-уми ноябр – рӯзи қабули ин санади сарнавиштсоз санаи таърихӣ ва муқаддас барои мардуми тоҷик аст.
Нотиқон зимни ироаи андешаҳои худ,таъкид доштанд, ки Конститутсия кафили оромиву пешрафти давлати соҳибистиқлоли мост.
Инчунин зимни ин чорабинӣ озмуни маводи беҳтарин дар мавзӯи “Муҳити солим – қарзи шаҳрвандии мост” миёни кормандони ВАО ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, озмуни мазкур дар доираи “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе барои солҳои 2021- 2025”, бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги шаҳрнишинӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

