«Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи асосии барнома — васеъ намудани имконияти ташаккулёбии шаҳрвандон, фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва инфрасохторӣ барои иштироки ташкилоти волонтёрӣ ва волонтёрон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, инчунин эътирофи фаъолияти волонтёрӣ аз ҷониби ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои барнома- ин фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки мустақилона ва фаъолонаи инсон дар ҳаёти ҷомеа, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва рушди фаъолияти волонтёрӣ, таъсиси инфрасохтори зарурӣ барои рушди фаъолияти волонтёрӣ, ташвиқи иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолияти волонтёрӣ ва дастгирии онҳо, муттаҳид намудани шахсони ба фаъолияти волонтёрӣ машғулшаванда, андешидани тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии волонтёрон ва ташкилоти волонтёрӣ мебошад.