Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари Роғун

Имрӯз бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии маҷмуаи мақолаҳои рӯзноманигорони тоҷик таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-эҳёгари Роғун” (мураттиб Зинатуллоҳ Исмоилзода) доир гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Тоҷидин Сатторзода иттилоъ дод.
Дар маҷмуа очерку мақола ва лавҳаҳои журналистоне ҷойгир шудаанд, ки хар кадом маҳсули корвонҳои иттилоотии журналистон ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳ ва мулоқоти аҳли эҷод бо сохтмончиёни қаҳрамони Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошанд.
Китоби тозанашр дар нашриёти “Балоғат”-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 200 нусха ба чоп расида, барои доираи васеи хонандагон, кормандони ҷавони Воситаҳои ахбори омма ва донишҷуёну пажӯҳишгарон маводи муфиду фаровонеро пешниҳод месозад.

Т.Сатторов
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE